Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи ҳамҷояи иттифоқҳои касаба иштирок намуд

Ноябрь 10, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи ҳамҷояи иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7-8 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин федератсия хабар медиҳад.

Ҷаласаи Кумитаи иҷроия таҳти роҳбарии Президенти Конфедератсия Александр Корчагин баргузор гардид.

Ҳамзамон дар ҳошияи он Маликшо Неъматзода бо Раиси Федератсияи иттифоқои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов мулоқоти корӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

8 ноябр дар шаҳри Тошканд бо Президенти Конфедератсияи ҳамҷояи иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Александр Корчагин мулоқоти корӣ доир шуд, ки дар он ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ин конфедератсия ва кишварҳои аъзо баррасӣ шуд.

Ҳамон рӯз Маликшо Неъматзода бо фаъолияти корӣ ва раванди таълимии яке аз мактабҳои олии дар самти ҳифзи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ калонтарин дар Осиёи Марказӣ- Академияи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон шинос гардид.

Сипас бо Ректори Академия Сайфулло Аҳмедов мулоқоти корӣ баргузор гардид.


Зимни суҳбат Ректори Академия омодагии ҷониби хешро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки 10 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши роҳбарони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он бо имзои ҳуҷҷатҳо Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.

Дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки роҳбарии Шуро давравӣ буда, роҳбарони иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо ба муддати як сол котиби генералии Шуро интихоб мегарданд.

Шуро бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, тадбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки роҳбарии Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2024 ба ҷониби Тоҷикистон гузашта, мувофиқи он ҷаласаи 5-уми Шуро дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд