Шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон бародаршаҳр мегардад

Ноябрь 9, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

8 ноябр дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, ки  бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ баргузор шуд, Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин рўз дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду давлат баргузор гардид. Дидору гуфтугӯҳо аз мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 19 санади нав имзо шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад