ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, чоршанбе, 333-юмин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 29, 2023 08:00

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

***

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони овозадори «ал-Ҷазира»-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо, телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «ал-Ҷазира» барои омода намудани мутахассисони ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ менамоянд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009  дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хати 500- киловолтаи  «Ҷануб – Шимол»  ва се хати 220-киловолта ба истифода дода шуданд.

***

29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд.

***

29 ноябри соли 2016  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

*** 

29 ноябри соли 2016  хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи олимпиадаи 14-уми байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А. Пушкин гардид.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

***

29 ноябри соли 2019  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

29 ноябри соли 2021  дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба  Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

29 ноябри соли 2022  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нахуст ҳисобот оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» шунида шуд.

 

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Қосимова -соли 1936- ҳунарпешаи синамои тоҷик, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1959). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1960).

***

Кароматулло Қурбонов — соли 1961  — овозхони тоҷик, мусиқидон ва оҳангсоз; сарояндаи ансамбли давлатии созӣ-овозии Тоҷикистон «Гулшан», Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Ноябрь 29, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст