ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН — БЕНАЗИР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад

Ноябрь 7, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин иртибот АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки имрӯзҳо корҳои сохтмонии бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ-Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат идома дошта, он дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

 Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Айдаршозода  иброз дошт, ки бинои Театри миллӣ дар паҳлуи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост намуда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр мерасад.

«Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар- яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад»,-афзуд ў.

Мавриди тазаккур аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил мегардад, дар мамлакат бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Диловар Айдаршозода иттилоъ дод, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият дорад. Аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд.

Мояи фараҳмандии ҳар фарди тоҷик аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат,  хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро воло мешуморанд ва ба он арҷ мегузоранд.

Инчунин таҷлили барномаҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони баруманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳарсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар давлатҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад. Ҳамзамон аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Бунёди муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани якчанд муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом» «Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гувоҳи толошҳову нақшҳои Пешвои миллат мебошанд.

Ин бунёдкориҳои фарҳангӣ барои наслҳои минбаъда рисолати ҳазорсолаҳоро дошта, чун санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик хизмат менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 7, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд