Рушди ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷмуи васеи муносиботи дӯстию ҳамҷавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин оид ба ҳамкории парлумон ва муносибати ду давлат ибрози назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки давлатҳои Тоҷикистон ва Чин муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар сатҳи баланд амалӣ намудаанд, ки ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан ба даст омадаро фарохтар месозад.
Дар фарҷом ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкории парлумонӣ табодули афкори судманд намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






