16 декабр дар Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад

Декабрь 15, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бахшида ба 31- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа — 7 км ва 5,5 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе муқаррар карда шудааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Тавре Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ин дувумин мусобиқаи «Дави дӯстӣ»- и Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад ва он ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудааст. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ва ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагони ин чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 15, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ