Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори миннатдорӣ намуда, ба масъалаҳои асосии мушкилоти тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакати мо, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз давлатҳои аз ҳама осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, офатҳои табиӣ, ки ба об марбут мебошанд, ҳамасола ба ҷумҳурии мо зарари калони молиявӣ ва моддӣ мерасонанд ва дар баъзе ҳолатҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки мамлакати мо ҳамасола бо обхезиҳо, ярч, тармафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то давраи соли 2030-ро татбиқ менамояд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳои Тоҷикистонро дар самти тағйирёбии иқлим номбар намуданд.
Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, мамлакати мо бо сабаби кам будани ҳаҷми чунин партовҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.
Яъне ба шарофати ҳаҷми ками ин партовҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми пешсафро ишғол менамояд.
Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи зиёди истеҳсоли «энергияи сабз» мебошад.
Дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва давлати мо аз рӯи фоизи «энергияи сабз», ки аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад, дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳояшро дар ин самт афзун менамояд ва дар оянда мақсад дорад, ки иқтидори истеҳсоли «энергияи сабз»-ро ҳамчун асоси рушди иқтисоди «сабз» ду баробар афзоиш бахшад.
Бо ин мақсад ба таъкиди Пешвои миллат, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисодиёти «сабз»» барои солҳои 2023-2037 қабул шуда, амалӣ мегардад, ки ба истифодаи пурмаҳсули захираҳои табиӣ, ҷалби маблағ ва технологияҳои «сабз» равона гардидааст.
Роҳбари давлати мо таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳақиқати раднопазир ҷалб намуданд, ки тағйирёбии иқлим дар навбати аввал ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳишёбии захираҳои обро дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлим номиданд.
Ба ҳайси далели барҷастаи ин раванд обшавии пурраи ҳазор пирях аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, ки 60 фоизи захираҳои оби минтақаи мо аз он сарчашма мегирад, таъкид гардид.
Пешвои миллат дар суханронии худ инчунин ба ташаббусҳои давлати мо, ки ба ҳифзи манбаъҳои захираи об равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намудани 21 март қабул гардида, ҳамчунин «Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд.
Президенти кишвар тасмими Тоҷикистонро дар бобати ба ин Фонд гузаронидани саҳми молиявии нахустини худ эълон намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлати мо, дар ин Фонд ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ ҳиссагузор хоҳанд буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалишавии саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об мусоидат менамояд.
Дастоварди муҳими ин раванд натиҷаҳои Конфронси дуюми оби СММ, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд барпо гардид, номида шуданд.
Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи талошҳояш ҷиҳати рушди ҳамкории созанда дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим таъкид намуданд.








ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад






