Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 21, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъомад баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи наву пурвусъати соҳаи энергетика оғоз ёфта, таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар мамлакат эълон гардид.

Таъкид шуд, ки дар доираи татбиқи ин ҳадафи бузург бо талошҳои созандаи Пешвои миллат дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои хурду бузург бунёд гардиданд, ки башоратгари ояндаи дурахшони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мебошанд.

«Чунин суръати рушд ва дастгириҳои пайваста оид дар рушди соҳа ба кормандони соҳаи энергетика руҳу илҳоми тоза ва қудрату неруи нав ба нав мебахшанд ва онҳо баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмини гармию рӯшноӣ ба ҳар хонадони мамлакат софдилона саъю талош менамоянд»,- изҳор  шуд зимни ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки кормандони соҳа бо ғайрату ирода ва донишу таҷрибаи бой дар амалӣ гардонидани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳм мегузоранд.

Зимни ҳамоиш ба як зумра кормандони шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия ва собиқадорони соҳа барои корҳои назаррас дар пешрафти соҳа бо туҳфа ва Сипосномаву Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Декабрь 21, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд