Бар асари тӯфони шадид дар шаҳри наздисоҳилии Аргентина 13 нафар ба ҳалокат расид

Декабрь 18, 2023 17:16

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони шадид дар шаҳри бандарии Баия-Бланкаи Аргентина 13 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ дар шаҳрдорӣ, бар асари борони шадид ва шамол боми клуби варзишӣ, ки дар он мусобиқаи варзишии конкиронӣ баргузор мешуд, фурӯ рехтааст.

«Мутаассифона, хадамоти изтирорӣ ҳалокати 13 нафарро дар клуби варзишии Bahiensedel Norte тасдиқ менамояд»,- гуфта шудааст дар изҳороти маъмурияти шаҳрдорӣ, ки ба сокинон тавсия додааст то субҳи якшанбе дар хонаҳои худ бимонанд.

Суръати шамол дар шаҳр ба 140 километр/соат расида, дар баъзе минтақаҳо таъмини неруи барқ қатъ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 18, 2023 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд