ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид

Декабрь 5, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Фариноз Абдуллоева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки  Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон  бо иштироки 448 варзишгар аз 58 давлат аз 24 ноябр то 4  декабри соли равон  дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид.

Муҳорибаҳо дар 26 вазн (13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон) доир гардид.

Хотиррасон мешавем, ки  Фариноз Абдуллоева дар вазни то 52кг дар ду рақобати мушкил бар варзишгарони Полша ва Қазоқистон ғалаба намуда, дар финал аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби  бокси Тоҷикистон дар ҳайати 9 варзишгар  иштирок намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 5, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд