ЧОРМАҒЗ – МЕВАИ СЕРҒИЗО ВА БОМАЗА! Онро метавон барои зимистон захира намуд

Декабрь 9, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз фаровонии меваи чормағз дар бозорҳои мамлакат ва нақли боғдорон бармеояд, ки имсол онҳо ҳосили хуб ҷамъоварӣ намудаанд. Айни замон дар бозорҳои пойтахт як киллограм чормағзи маҳаллӣ вобаста ба сифаташ аз 10 то 30 сомонӣ нарх дорад. Як афзалияти ин мева дар он аст, ки онро метавон барои зимистон захира намуд. Нигоҳдории он дар ду шакл- комил ( бо пўсташ) ва ҳам мағзаш имконпазир аст. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар бораи манфиати чормағз ба саломатии инсон ва нигаҳдории он пешниҳод мегардад.

Тавре доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов иброз дошт, чормағз дорои витаминҳои C ва E буда, дар таркиби мағзи он оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд аст, ки дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд месозад, сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд истеъмоли он тавсия дода намешавад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи дорусозӣ, аз пўсти меваи чормағз доруи «Юглон» тайёр менамоянд, ки барои бемори сили пӯст хело ҳам муфид аст. Мағзаш ҳамчун ғизо барои барқароркунии саломатӣ баъди беморӣ ва беҳтар намудани ҳозима тавсия дода мешавад. Равғани тару тозаи мева барои тезтар шифо ёфтани яраҳо ва захмҳои пӯст кумак менамояд. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст.

Меваҳои нопухтаи чормағз аз кислотаи аскорбин (то 10%) бой мебошанд. Мағзи мева дорои равғани чарб (то 60-76%), моддаҳои сафеда (то 21%), карбогидратҳо (то 7%), провитамин А, витаминҳои K ва P ва аминокислотаҳо мебошанд. Пӯсти меваи чормағз хосияти хунбарқароркунанда дошта, онро ба захмҳо мепошанд.

Тавре гуфта шуд, чормағз дар ду намуд нигоҳ дошта мешавад: дар шакли комил (бо пўстааш) — имкон медиҳад, ки мағз хосиятҳои худро барои 2 сол нигоҳ дорад. Дар шакли мағз — барои фурӯш мувофиқ аст, аммо хатари зарари ҳашаротҳо ба мева вуҷуд дорад.

Барои ба муҳлати зиёд нигоҳдории меваи чормағз бояд онро ба таври лозимӣ хушк намуд. Чормағзҳои тоза чидашударо метавон дар ҳавои гарми офтобӣ, дар майдони кушод (ҳарорат на бештар аз 30оС) ё дар соя зери иншооти кушода, ки ҳаво хуб гардиш менамояд, хушк сохт. Инчунин метавон боми ҳавогузарро истифода бурд. Чормағзҳо бояд як қабат (максимум -2) дар турҳо ё тахтаҳо, мумкин газетаҳо ё матоъ гузошт. Барои он ки пӯстлох баробар хушк гардад, мунтазам чормағзҳоро руйгардон менамоянд.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки баъди ба қадри кофӣ хушк гардидани чормағз, ҳатман ду дона онро барои санҷиш шикастан лозим аст. Агар мағз ҳоло ҳам намнок аст, хушккуниро бояд идома дод, чунки аз намнокии зиёд мағзи мева дар ҷараёни нигоҳдорӣ мағор баста, вайрон мешавад.

Вобаста аз ҳаҷми мавҷуда ва имкониятҳои худ усулҳои гуногуни нигоҳдории мағзи чормағз мавҷуд аст- дар “зип-пакет” – ҳои пластикӣ ва ё банкаи сарпўшдор дар яхдон хеле қулай аст. Дар ин ҳолат нигоҳдории мағз аз 2 то 12 моҳ имкон дорад. Вале пеш аз нигоҳдорӣ бояд мағз нағз хушк карда шавад. Нигоҳдории мағзи чормағз дар банкаҳои шишагӣ дар ҷои торики салқин аз 2 то 4 моҳ имкон дорад. Мағзро дар намуди яхкунонидашуда дар сардхона бо истифодаи пакетҳои беҳаво аз 1 то 3 сол нигоҳ медоранд.

Нигоҳдории чормағз (бо пӯст) дар қуттиҳои картонӣ ва ё пластмасӣ, халтаҳо ва ё тўрҳо, ки ҳатман бояд хушк, тоза ва бе буйи бегона бошанд, нигоҳ доштан хело муфид аст. Қуттиҳо ва ё халтаҳоро дар рафҳо гузоштан мумкин аст. Шароити муқаррарӣ барои нигоҳдорӣ ин иншооти хушки ҳавогузар бо ҳарорати доимии + 5 – 10 дараҷа (дар баъзе сарчашмаҳо ҳарорат аз 0 то +5 дараҷа нишон дода

шудааст) намнокии 60% мебошад. Дар ин гуна шароит чормағзро то 3 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Барои беҳтар намудани нигоҳдорӣ баъзан иншооти нигоҳдории чормағзро сулфурдуд менамоянд. Ин пӯстлох ва мағзи чормағзро аз мағорбандӣ ҳифз месозад. Ғайр аз ин гази сулфур ранги пӯстлохро равшан менамояд.

Дар ягон ҳолат чормағзро дар иншооти намнок, масалан таҳхона, нигоҳ доштан мумкин нест. Намнокии баланди ҳаво боиси пайдоиши мағор дар пўстлох гашта, сабаби пӯсиши мағз мегардад.

Чормағз бӯйи атрофро тез ба худ ҷазб менамояд, аз ҳамин сабаб онро дар паҳлўи дигар маҳсулоти буйдор нигоҳ доштан маслиҳат дода намешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид