Дар Боку нахустин ҷаласаи муассисаҳои таълимии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Декабрь 5, 2023 09:51

 ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон — шаҳри Боку бо ибтикори Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) якҷо бо Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон якумин ҷаласаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои  аъзои Созмон доир гардид, ки дар кори он роҳбарияти СҲИ таҳти раёсати Котиби генералии он Хусрав Нозирӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои сайёҳии давлатҳои узви СҲИ ва ҳайати намояндагони сохторҳои сайёҳии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Покистон,  Туркия ва  Туркманистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки якумин ҷаласаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ то 5 декабри соли равон дар шаҳри Боку идома меёбад.

Субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ,  аз қабили шурои ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои муассисаҳои истиқоматӣ ва хӯроки умумии давлати кишварҳои аъзо зимни суханронӣ дарҷ намуданд, ки соҳаи сайёҳӣ на танҳо яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, балки барои ҳамгироии тамаддунҳо, фарҳангҳо ва муносибатҳои дӯстонаи миллатҳо василаи хуб мебошад. Аммо имрӯз он бе мавҷудияти забони ягонаи муошират,  яъне забони англисӣ дар соҳа вазифаи худро хуб иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, муассисаҳои таълимии дорои тахассуси сайёҳӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи хизматрасонӣ, ки  донандагони хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд, саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои ҳамкории пайваста байни ҳукумат, таҳсилот ва истеҳсолот, таҳияи барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва оянда, истифодаи технологияҳои рушдёбандаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ,  аз ҷумла воқеияти виртуалӣ (VR) ва ақли суннӣ (AI) дар маркази рӯзномаи чорабинӣ қарор гирифт.

Дар ҳамоиши канории 3-юм, ки ба мавзӯъи «Инноватсия ва технология: тамоюлҳои нав дар соҳаи таҳсилоти сайёҳӣ» бахшида шуда буд, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, оид ба истифодаи самараноки зеҳни  суннӣ ( Artificial intelligence),  воқеияти виртуалӣ ( Virtual reality) дар соҳаи сайёҳӣ ва дастурхондорӣ ибрози андеша  намуд.

Дар фарҷоми ҳар як ҷаласаи канорӣ байни маърӯзачиён ва иштирокдорон  саволу ҷавоб доир гардид,  ки онҳо ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

                  АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид