Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (7 декабр) дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳа аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои молия, кори бонкӣ ва андозбандии донишгоҳ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар конфронси байналмилалӣ муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки такмили фаъолияти молиявӣ-қарзӣ ва низоми андозбандӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идоракунии устувори молиявӣ густариш ёфт.
Таъкид шуд, ки ҷаҳони муосир аз давлатҳои дар ҳолати гузариш қарордошта сатҳи баланди рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявӣ талаб менамояд.
Дар конфронси байналмилалӣ кормандони масъули Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва», Донишгоҳи давлатии Лонг Бичи Калифорнияи Амрико ва дигарон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни рушди низоми молия ва низоми андозбандӣ ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки шуруъ аз соли 2011 ҳамасола 7 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони молия ҳисобида мешавад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






