Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои эҷодӣ ба намоиш гузошта шуданд

Декабрь 18, 2023 17:51

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи донишкада Фирӯз Ҳаитов хабар дод.

Дар намоиш маҷмуи корҳои эҷодии магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, мусаввирии дастгоҳӣ, санъати ороиши амалӣ ва дизайни дохили бино, дар маҷмуъ зиёда аз 40 кори эҷодии баландмазмун ҳамчун маҳсули заҳмати шогирдони бахш ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоиши корҳои эҷодии магистрантони донишкада нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, дар ин замина тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн баҳри таъмини кадрҳои илмӣ ва илмии педагогӣ дар саросари ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосии раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар намоиш ёдовар гардид, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада қариб 70 магистрант аз рӯйи 7 ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин бахш барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм,  дотсентон ва муаллимони калон  ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоии магистрантон дар самти илму эҷод саҳми шоён мегузоранд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Декабрь 18, 2023 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад