Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои эҷодӣ ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи донишкада Фирӯз Ҳаитов хабар дод.
Дар намоиш маҷмуи корҳои эҷодии магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, мусаввирии дастгоҳӣ, санъати ороиши амалӣ ва дизайни дохили бино, дар маҷмуъ зиёда аз 40 кори эҷодии баландмазмун ҳамчун маҳсули заҳмати шогирдони бахш ба маърази тамошо гузошта шуд.
Намоиши корҳои эҷодии магистрантони донишкада нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, дар ин замина тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн баҳри таъмини кадрҳои илмӣ ва илмии педагогӣ дар саросари ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосии раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар намоиш ёдовар гардид, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада қариб 70 магистрант аз рӯйи 7 ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин бахш барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм, дотсентон ва муаллимони калон ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоии магистрантон дар самти илму эҷод саҳми шоён мегузоранд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






