Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Швейтсария баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкории ҳар ду давлат ва дурнамои он дар солҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Дар баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ ва такмили пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ҷонибҳо сатҳи татбиқи лоиҳаю барномаҳои шарикии рушд бо Швейтсарияро матраҳ намуда, ҳамзамон дар атрофи имкони густариши ҳамкории иқтисодӣ, байнипарлумонӣ, инчунин татбиқи лоиҳаву барномаҳои минтақавӣ табодули андеша намуданд.
Тоҷикистону Швейтсария дар баробари мавҷудияти абзори машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, дар доираи муассисаҳои молиявии Бреттон-Вудс, Фонди глобалии экологӣ, инчунин дар доираи СММ ва САҲА ҳамкории созанда ба роҳ мондаанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид






