Дар Душанбе татбиқи Барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба танзими хавфҳои экологӣ оғоз ёфт

Декабрь 7, 2023 10:44

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати оғози расмии барномаи кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи «Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идора, танзими хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративии иқлим» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел,  намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии бонк иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки Барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи Ёддошти тафоҳум, ки моҳи сентябри соли равон байни Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР ба имзо расида буд, амалӣ мегардад. Номбурда ба роҳбари намояндагии БАТР дар

Тоҷикистон барои оғози марҳилаи дуюми «Барномаи маблағгузории иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо «Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ» арзи  сипос намуд.

Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти БАТР хонум Одил Рено-Бассо дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар робита ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии давлатҳои ҷаҳон ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо, ки дар Дубай идома дорад, аҳамияти хоса додаанд.

Тавре аз арзёбии охир бармеояд, Тоҷикистон чун дигар давлатҳои минтақа дар баробари дучоршавӣ ба хавфҳои вобаста ба иқлим қарор дорад ва бо назардошти пайомадҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти молиявӣ пайдо менамояд. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади омӯхтани таҷрибаи тақрибан 130 бонки марказӣ ва мақомоти танзимкунанда дар саросари ҷаҳон, афзун намудани иқтидор дар соҳаи ҳамгироии хавфҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим ба низоми бонкӣ, инчунин ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла  БАТР барои шомил гардидан ба узвияти  «Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS)» дар самтҳои номбурда дархост пешниҳод намудааст.

БАТР кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти сабзгардонии низоми молиявӣ ва ҳамгироии принсипҳои вобаста ба муҳити зист ва иқлим дар соҳаи молия дастгирӣ менамояд.

Роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холигер Вифелдар аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ҳамкорӣ дар самти маблағгузории иқтисоди “сабз” барои рушди муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо дар бахшҳои фарогирии молиявӣ, суғурта, бозори асъор, коғазҳои қиматнок ва идоракунии корпоративӣ саҳми назаррас мегузорад. Номбурда афзуд, ки БАТР ба яке аз бузургтарин сармоягузорони институтсионалӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта, бо бонкҳои марказӣ ва танзимгарон ҳамкории зич ба роҳ мондааст, то ки ба табодули таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар самти ҳалли хатарҳое, ки аз тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд,  мусоидат намояд.

Холигер Вифел барои идомаи ҳамкории самаровар дар самти маблағгузории иқтисодиёти “сабз”, рушди бахши молиявӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон омодагии БАТР-ро баён намуд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам намудани газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисодиёти «сабз», ки  ба мавзуъҳои доғи рӯз табдил ёфтаанд, метавонанд барои иқтисодиёти кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд пайомадҳои ногувор дошта бошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд барои фароҳам овардани  платформаи мувофиқ, пеш аз ҳама, таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди маҳсулот ва хизматрасонии молиявии муосири «сабз»-ро дар Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор додааст. Аз ин рӯ, ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани механизмҳои иштирок дар бозори маблағгузории “сабз” бояд фаъолияти худро ба роҳ монанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 7, 2023 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН»-ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди пурраи он Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ бештар муваффақ мегардад
ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА АМАЛ. Дар Шаҳринав вобаста ба кишти донаку тухмии дарахтон машварат доир гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 11 ҳазор гектар кишти зироати барвақтӣ гузаронида шудааст
Дар Коллеҷи кӯҳии Душанбе вобаста ба аҳамият ва татбиқи иқтисоди «сабз» ҳамоиш доир гардид
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мегардад
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КРАНҲОИ БОРБАРДОРИ ТОҶИКИСТОН. Он бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надорад
«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6467 то 10.6700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд