Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрии Бохтар автобусҳои нав ба ҳаракат оғоз намуданд
БОХТАР, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 41 автобуси нав дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрии Бохтар ҳаракат менамоянд, иттилоъ додааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи масъулин, автобусҳо дар самтҳои Кӯшониён ва Вахш ба ҳаракат баромадаанд.
«Ин аввалин шумораи озмоишии нақлиёти мусофирбар мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои БАТР харида шудааст. Ҳамин тариқ, микроавтобусҳои кӯҳна ва аксар вақт садамавӣ, ки дар хатсайрҳои шаҳр фаъолият доштанд, иваз мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки барои занон ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад, ки барои ин минтақа дорои аҳамияти хос мебошад»,- баён намуд манбаъ.
Арзиши автобусҳои харида 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






