Дар Кӯлоб бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ… » бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар конференсия иштирокдорон оид ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли ҷумҳурӣ буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва тавсияву пешниҳодоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардумро муттаҳид намояд, волоияти қонунро эътироф намуда, масъулияти пешбарии ҷомеаро ҷасурона ба уҳда гирад ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун неруи бузурги сиёсии ҷумҳурӣ ҷонибдори гуногунандешӣ, озодии виҷдон, тарафдор ва ҳимоятгари ҳокимияти халқ гардад.
Мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ин муттаҳид намудани тамоми неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққӣ аст, ки манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя намуда тавонад.
Дар конференсия ба фаъолон ва ғолибони озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Расми беҳтарин», «Волейбол», ки ба истиқболи 29 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида буд, диплому сипосномаҳо, мукофотҳои пулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тақдим гардиданд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон дастагули савту наво аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги шаҳр» ва «Фалак» пешкаш гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






