Дар Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоб чор намуди ин ҳайвони нодир ҳифз мешавад

Декабрь 23, 2023 14:49

ХОРУҒ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бабри барфӣ яке аз ҷонварони нодири ҷумҳурӣ буда, бо мақсади ҳифзи он дар ноҳияи Мурғоб  чор моҳ пеш Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ бунёд гардид, ки ҳоло дар ин ҷо чор сар бабри  барфӣ ҳифзу парвариш мешаванд. Ду сар ҷинси модина буда, пас аз чанд муддат насл медиҳанд.

Сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия Шаҳтут Сабзалиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан  гуфт, ки «Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бо кумаку пуштибонии молии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд  шуд, ки яке аз ҳадафҳои он- ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир ба шумор меравад.

Дар марказ чанд нуқтаи нигоҳдории ин ҳайвони нодир вобаста ба ҳар фасли сол мавҷуд аст. Иқлими ин ноҳияи баландкӯҳ дар фасли зимистон хеле сард аст ва бо ин мақсад барои бабри барфӣ шабона дар оғилхона ва рӯзона дар берун, ки чор тарафи он панҷара кашида шудааст, шароити муътадил фароҳам овардаанд».

Мутахассиси Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ Содиқҷон Бахталиев зиёда аз 15 сол боз буду боши ин ҷонвари зеборо мушоҳида менамояд.

Ӯ давоми ин солҳо даҳҳо сари онро, ки ба ҳайвоноти хонагии сокинони маҳалӣ ҳамла намудаву ба даст афтодаанд, ба қафас андохта, ба доманакӯҳҳо бурда сар додааст. Баъзе аз ин ҷонварон захм бардошта буданд ва тақдири  минбаъдаашон номаълум боқӣ мемонд. Пас аз бунёди марказ акнун он ҷонвароне, ки ба деҳа мефароянд ва ҳангоми ҳамла ба ҳайвоноти хонагӣ ба даст меафтанд, ба ин марказ оварда мешаванд. Онҳо дар ин ҷо таҳти назорати духтурони байтор қарор мегиранд.

Дар марказ озмоишгоҳ барои ташхиси пурраи вазъи саломатии бабри барфӣ  мавҷуд аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ амали ҷарроҳӣ низ дар ин ҷо анҷом дода мешавад. Ҳоло дар ин марказ чаҳор сар бабри барфӣ, ки бештарашон ҳангоми ҳамла ба ҳайвоноти хонагӣ дастгир шудаанд, ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз ин чаҳор сар ду ҷинсаш модина буда, ба гуфтаи мутахассисон пас аз наслгирӣ ба табиат сар дода мешаванд. Барои «бошандагон»-и ин марказ дар як рӯз аз ду то се килограмм гӯшт муҳайё мешавад ва дар вақти ҷуфтшавӣ миқдори хӯрокашон боз  афзоиш меёбад. Марказ тавассути дегхонаи буғӣ бо гармӣ ва ба воситаи панелҳои офтобӣ бо рўшноӣ таъмин мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 мамлакати дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шуда, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии  Тоҷикистон шомил шудааст. Мавҷуд будани бабри барфӣ дар ҳар мамлакат- ин нишондиҳандаи поктарин экосистема шуморида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод