Дар Мастчоҳ корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав идома доранд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ дар пойгоҳҳои обкашии «Янтоқ-1» ва «Дилварзин‐1» ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд бо пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав шинос гардид.
Корҳои таъмиру тармими иншооти соҳа моҳи октябр оғоз ёфта, дар ҳамаи 56 дастгоҳи обкашии ноҳия идома доранд. То имрӯз муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини таҷҳизоти зарурии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд.
Дар ноҳия ҳамзамон тоза намудани 32 км канал ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 10 км корҳо ба анҷом расидаанд. Барои иҷрои корҳо аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ техникаи зарурӣ равона шудааст.
Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ба масъулин супоришҳо дода, роҳбарияти идораҳои соҳавиро ба ҳавасманд намудани кормандони соҳаи обрасонӣ вазифадор намуд.
Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳия шинос шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда кишту парвариш намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини саривақтии бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза супоришҳо дод.
Ҳамзамон дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи ресандагии «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуд.
Дар корхона дар айни замон қариб 300 зану духтар бо кор таъмин гардида, ояндаи наздик боз 100 нафари дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мешаванд.
«Арвис Зелал Текстайл» дар натиҷаи тадбирандешиҳои саривақтии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия пас аз солҳои бозистӣ ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст.
Корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли давлатҳои пешрафта муҷаҳҳаз буда, давоми сол муваффақона ришта истеҳсол менамояд.
«Арвис Зелал Текстайл» дар як сол то 5000 тонна пахтаро коркард ва аз он ришта истеҳсол намуда, маҳсулот содирот мешавад. Соли равон қариб 3000 тонна пахта коркард шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд






