Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинай идома дорад

Декабрь 30, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинай бомаром идома дорад,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили қулфинай дар гармхонаҳо шинос шуд. Ин гармхонаҳо зери роҳбарии Искандар Аваззода дар масоҳати 1 гектар барои парвариши қулфинай бунёд шуда, 1 моҳ мешавад, ки ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Дар назар аст, ки аз 1 гектар 15 тонна қулфинай ҳосил гирифта шавад.

Ба иттилои деҳқонон, соли равон парвариши қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб буда, 1 килои он ҳоло 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои  густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 30, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд