Дар Палатаи ҳисоб бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Идораи швейтсарӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи швейтсарӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар доданд.
Вохӯрӣ дар заминаи Ёддошти тафоҳуми чорҷониба оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ширкати байналмилалии машваратии Британияи Кабир (СИПФА) ва Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ки Палатаи ҳисоб ба гурӯҳи Ташаббуси глобалии ҳисоботдиҳии мақомоти олии аудит (МОА) шомил гардидааст, доир шуда, масъалаҳои мубрам бо мақсади дастгирии Палатаи ҳисоб ҷиҳати рушди фаъолият мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳозирин аз ҳамкории мутақобилан судманди тарафайн изҳори хушнудӣ намуда, барои самарабахш гардонидани он пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин ҳамоҳангсозу менеҷер ва дигар коршиносони масоили гуногуни ташкилоти Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ тариқи онлайн иштирок намуданд.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






