Дар Тоҷикистон 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 152 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад

Декабрь 29, 2023 09:42

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳафт соли охир ба Тоҷикистон беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст.

Ҳоло дар мамлакат 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад. Тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардад.

Ҳамзамон Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли 2023 ба ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо беш аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 баробар зиёд мебошад.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки зарур аст дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат бояд доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани имконияти сармоягузории мамлакат стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2023 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид