Дар вилояти Хатлон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд

Декабрь 19, 2023 17:16

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо гузаронидани корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа   дарси «Амалиёт ҳангоми заминларза, боронҳои шадид, сел, фаромадани ярч ва тарма» доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ин даври омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо барои гузаронидани дарсҳои таълимӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ доир шуд.

Зимни дарсҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ оид ба чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ, иншооти хоҷагӣ ва ҳудуди вилоят ҳангоми таҳдиду хатари офатҳои табиӣ, инчунин иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар корҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода маълумот дода шуд.

Ба ҳайати низомиён таҷҳизоти махсуси наҷот ва воситаҳои техникӣ намоиш дода шуда, ба кормандони Кумита оид ба таърихи рушди идораи наҷот дар Тоҷикистон, инчунин вазифаҳои мудофиаи гражданӣ маълумот пешниҳод гардид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Декабрь 19, 2023 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад