ФУТБОЛ. Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати 32-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори 12-ум соҳиби унвони чемпиони Тоҷикистон гардид. Ин даста қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 сазовори медалҳои тилло шуда буд.
Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавсими 2023 дар 22 бозӣ 52 хол ба даст овард. Ҷои дуюмро бо 38 хол дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб гирифт. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 33 хол бори аввал дар таърихи фаъолият барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон шуд.
Дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ гирифтаанд, лигаи Олиро тарк намуда, дар мавсими оянда дар Лигаи якум бозӣ менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 30 марти соли 2024 оғоз шуда, мисли ду соли охир дар ду қисм баргузор мешавад. Дар қисми аввал даҳ даста дар ду марҳила бозӣ менамоянд. Баъдан дастаҳо дар қисми дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар даста дар чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин дар мавсими 2024/25 ду даста аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳунарнамоӣ менамоянд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бозӣ намуда, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар плэй-офф барои роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо бозии гузариш анҷом медиҳад. Дар сурати аз плэй-офф нагузаштан дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар «Challenge League»-и AFC ҳунарнамоӣ менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






