Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод баҳои баланд гирифт

Декабрь 14, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод, ки дар ҳошияи форуми байналмилалии «Муколама-кафили сулҳ» доир гардид, гӯшаи Тоҷикистон ташкил  шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар гӯша асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи тарғиботии соҳаҳои сайёҳиву сармоягузорӣ ва китобҳо доир ба таъриху тамаддуни мардуми куҳани тоҷик ба намоиш гузошта шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, асарҳои кулолӣ, асбоби мусиқӣ, аксу мусаввараҳои маконҳои дилфиреб ва таҷассумгари мамлакат ва анвои ширинию қаннодии анъанавӣ пешкаши меҳмонони хориҷӣ гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ иштирокчиёни намоишгоҳ бо маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ ва ғайра шинос шуда, ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад