Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро бо квотаи лоиҳаи JDS хатм намуданд

Декабрь 22, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи ҳисоботии 15 хизматчии давлатӣ- хатмкунандагони магистратураи  лоиҳаи JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо фаро гирифтан бо таҳсил дар зинаи магистратура  дар донишгоҳҳои Ҷопон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки зинаи магистратураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси ороми Ритсумейкаи Ҷопон, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон, Донишгоҳи Акитаро хатм намудаанд, бо рӯнамои ҳисоботӣ ва пешниҳоди корҳои таҳқиқотӣ-илмии анҷомдода аз рӯи соҳаҳои мухталиф ва афзалиятнок баромад намуданд.

Дар доираи лоиҳаи  JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2009-2023  121  мутахассис барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, имрӯз дар зинаҳои мухталифи хизмати давлатӣ баҳри рушди ҷомеа фаъолият доранд.

Дар ҷаласа муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи  Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини хадамоти кадрии вазорату идораҳои калидӣ ва ҳамкор бо ин лоиҳа иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад