ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА. Соҳибкор Маҳмуд Муродов ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 1 миллион сомонӣ кумак расонид
ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 113 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал,аз қабили орд, шакару равған, беш аз 300 кило гӯшт ва бо маблағи умумии зиёда аз 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб ба беш аз 1 ҳазору 740 нафар бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ кумак ва туҳфаҳо расонида шуданд.
Ба ғамхорӣ фаро гирифтани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, дар ин раванд тадбирҳои судбахш амалӣ мешаванд.
Дар доираи татбиқи нишондиҳандаҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов ба ниёзмандон, пирони барҷомонда, тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии тавонбахшӣ, мактаб-интернатҳо, кормандони хизматрасонии коммуналӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб ашёи зарурӣ ва маҳсуоти хурокворӣ, аз қабили орду шакар ва равған дастрас шуд.


Ба ҳамин монанд дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдоми инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кормандони «КВД-и фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ», Муассисаи давлатии хоҷагии коммуналӣ, ки дар ободӣ ва хуррамгардонии шаҳри Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған ва шакар дастрас гардид.



Дар ин замина бо аёдати кӯдакону наврасон дар Шуьбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб, ки ба ҳимоя ва табобати кӯдакон аз бемории сил нигаронида шудааст, чун тадбири беҳдоштӣ дастурхон ороста шуд.
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва Мактаб-интернати 1-и ёрирасони шаҳри Кӯлоб дар асоси таваҷҷуҳи хос нисбат ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, аз ҷумла тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» дастархон ороста шуда, бо болидаруҳии бошандагон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакону наврасони муассисаҳо аз рӯи роҳнамоӣ омӯзгорону мураббияҳо соҳиби дастовез шуданд.
Дар ин замина ба аъзои Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Кӯлоб низ маҳсулот дастрас гардида, баҳри беҳдошти шароити рӯзгори онҳо тадбирҳо андешида шуданд.


Кормандони Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб низ тавассути нақшаи хайрхоҳона аз натиҷаҳои сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бархурдор гардиданд.
Инчунин аз ҷониби соҳибкор ба хизматчиёни Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва оилаҳои бесаробон мондаи онҳо дар маҷмуъ 150 нафар кумаки яквақтаи иборат аз маҳсулоти хурока, ба мисли орд, равған ва шакар расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар асоси ин тасмим кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пиронсолону собиқадорони ҷангу меҳнат, хосса муассисаҳои хизматрасонии коммуналии шаҳри Бохтар низ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, дар маҷмуъ ба 500 нафар кумак ва дастовезҳо тақдим шуданд.
Дар доираи тадбирҳои маишию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гурӯҳи эҳтиёҷманд бо армуғон таъмин шуданд.
Дастгирии ятимону барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазъи иҷтимоии онҳо марҳила ба марҳила таҳким бахшида мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин ба хизматчиёни қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 800 армуғони идона, иборат аз маҳсулоти ширинию қаннодӣ тақдим гардид.
































Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд






