ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Онҳо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи ин мавзеъҳо бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Аз беаҳамиятии онҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд. Ҳоло Вазорати фарҳанги мамлакат ёдгории таърихию фарҳангиро ба рӯйхат гирифтааст, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд. Чунин изҳор гардид зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 декабри соли равон баргузор шуд.
Муҳокимаи парлумонӣ бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир шуда, дар кори он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихиро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ кори зиёдро ба анҷом расонида истодааст. Қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
«Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори мамлакат ба сарзамини мо меоянд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд»,-таъкид намуд Дилрабо Мансурӣ.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ва ғайра аз таърихи куҳанбунёд ва тамаддунсози халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Дар муҳокимаи порлумонӣ оид ба тармиму барқарорнамоӣ, анҷоми корҳои лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ, сертификатсия, такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» иттилоъ дода шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки «Қалъаи Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии «Шоҳи Хомуш» дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки «Тахти Сангин» дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи Хоҷа Сангхок» дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон», 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз қисматҳои муайянгардидаи ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби олимону бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси шартнома байни МД «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ва бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ кашф ва ҳафриёт шудаанд. Ҳамзамон ҷойҳои кашфгардида барои аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани ёдгорӣ болопӯш шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастурҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд. «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






