Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, туман мефарояд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона ба 14+18 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар шарқи вилоят бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона бебориш шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 19-24 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ҷойҳо 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳавои бебориш дар назар буда, рӯзона борону барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






