«ИНТЕРНЕТИ БОСУРЪАТ ВА ДАСТРАС». Дар Душанбе оид ба ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 22, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Интернети босуръат ва дастрас» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 иброз гардид, ки «рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад».

Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда намебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар соҳа, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ  бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда муваззаф гардиданд, ки тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Оид ба ин масъала ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон Комрон Исмоилиён иброз дошт, ки ҳанӯз дар оғози марҳилаи гузариш ба рушди устувори Тоҷикистон 10 майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004  Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  заминаҳои ҳуқуқии ташкил, амалигардӣ  ва рушди соҳаро асос гузошта, имконият фароҳам оварданд, ки ба Тоҷикистон сармояву технологияҳои замонавӣ  ворид гарданд. Дар асоси онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ  дар соҳаи алоқаи барқӣ  танзим гардида, бо назардошти манфиатҳои истифодабарандагон имконият фароҳам оварда шуд, ки дар натиҷа сол ба сол шумораи муштариён афзун гардида, субъектҳои хоҷагидори хизматрасон низ аз имтиёзҳои пешбинигардида бархурдор шуда, теъдоди онҳо ҳам тамоюли афзоиш касб намуд.

Агар технологияи «Интернет» дар Амрико соли 1969 пайдо шуда бошад, дар Аврупо соли 1989, дар ИҶШС соли 1990, дар Федератсияи Русия соли 1994 ва дар Тоҷикистон аввалин ширкати ватанӣ  бо номи «Телеком Технолоҷӣ» соли 1999 таъсис дода шуд, ки бо истифода аз ноқилҳои алоқаи статсионарии ҶСК «Тоҷиктелеком» хизматрасонии дастрасӣ  ба интернетро бо суръати 16 кб/с таъмин менамуд.

Ҳоло чунин суръати истифодаи интернетро ба хотир оварда, суръати имрӯзаи дастрасӣ  ба интернетро муқоиса менамоем ва дар ҳайрат мемонем, ки то чӣ  андоза ин технология дар давлати мо рушд намудааст, яъне аз соли 1995 то ба имрӯз суръати минималии интернети мо беш аз 6 маротиба афзуда, суръати максималии он бо роҳандозии технологияи нав, ки аз иқдоми Хадамоти алоқа ва операторону провайдерони ватанӣ  маълум гардид, ба беш аз сад маротиба афзоиш меёбад.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои асосӣ  барои ноилшавӣ  ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда дар бахши телекоммуникатсия чунин пешбинӣ  менамоянд, ки барои самарабахш ба роҳ мондани хизматрасонии ҷамъиятӣ  ва идоракунӣ  ташаккули сиёсати дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаи интернет ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ  нақши муҳим доранд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев бо гузориши муфассал роҷеъ ба вазъи имрӯзаи Интернети босуръат ва дастрас баромад намуд.

Дар интиҳои ҳамоиш изҳори боварӣ шуд, ки  натиҷаи чорабинии имрӯза барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои дар пеш гузошта мусоидат менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад