Кормандони филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Темурмалик соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд

Декабрь 18, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик барои кормандони «Амонатбонк» бинои хуштарҳу замонавӣ бо тамоми шароити муосир барои кору хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Бинои нави филиали рақами 62-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Темурмалик мутобиқ ба талаботи замон навсозӣ гардида, дар он барои 26 корманд шароити муосири фаъолият муҳайё гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави филиали №62-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Темурмалик раиси Раёсати КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иштирок намуданд.

Масоҳати бинои нави филиал бештар аз 900 метри мураббаъ буда, дорои 8 ҳуҷраи барҳавои корӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

АКС: «Амонатбонк»

Декабрь 18, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6460 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид