Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид, ки аз муқаддима, 4 боб ва 20 модда иборат мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад.
Зимни баррасии масъалаи мазкур узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки «Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар иҷлосияи 77-уми СММ аз 14 — уми декабри соли 2022 қабул шудааст, таҳия гардидааст.
«Бо ин мақсад, лоиҳаи ин қонун дар шакли мукаммал таҳия гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро танзим менамояд»,- тазаккур дод номбурда.
Дар иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки боби 1-уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 1 ва 5) муқаррароти умумӣ буда, мафҳумҳои асосӣ, заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо, ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Дар боби 2- юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 6 — 11) танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо — вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо, фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо, арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 8- уми лоиҳа мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳа ифода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими захираҳои об оид ба истифодаи захираҳои оби пиряхҳо муқаррар гардидаанд.
Дар боби 3-юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 12 ва 17) заминаи ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо, истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо, фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, ташкил ва мукаммалсозии махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар карда шудааст.
Боби 4- уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 18-20) муқаррароти хотимавӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро пешбинӣ менамояд.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода илова намуд, ки тибқи қатъномаи ёдрасшуда пас аз соли 2025 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, «Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис ёфт ва баргузории конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Тавре 2 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин» дар аснои Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР- 28) таъкид намуданд: «Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра об шудааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд».
Бояд хотиррасон шуд, ки наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва дар шароити тағйирёбии иқлим қабули ин қонун ба ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд






