Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Москва иштирок намуд

Декабрь 19, 2023 17:07

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи Шуро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи Шуро аз рӯи масъалаи рӯзнома Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сухан гуфт. Иброз гардид, ки баргузории ҷаласаи имрӯза далели равшани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

Маҳмадтоир Зокирзода Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати раёсати бомуваффақияташ дар соли равон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро бо қабули раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли оянда (2024) табрик намуда, изҳор дошт, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии СААД аҳамияти хосса медиҳад. Имрӯз мо метавонем сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистонро бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонӣ бо қаноатмандӣ иброз намоем.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои қабулшуда ҷиҳати беҳтар намудани вокуниш ба буҳрони Созмон тавассути ворид намудани тағйироти саривақтӣ ба ҳуҷҷатҳоро оид ба тартиби вокуниш ба буҳрон ҷонибдорӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити босуръат тезутунд шудани вазъияти байналхалқӣ терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ба давлатҳои мо таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Мамлакати мо ин ҳодисаҳоро бо тамоми шаклу зуҳуроташон қатъиян маҳкум менамояд.

Дар ин замина мо ҳамчунин муҳимияти таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии СААД, бахусус бо ҳадафи мубориза бо ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар чолишҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро иброз медорем.

Ин ҳадафҳо баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникиро тақозо менамоянд.

Ҳамзамон дар рӯзномаи ҷаласаи Шуро 16 масъалаи мубрами рӯз баррасӣ гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар кори ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода иштирок намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд