Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир гардидааст.
Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт.
Марказ, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд.
Дар марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд






