МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд

Декабрь 17, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳое ҳастанд, ки аз моҳи октябр то декабр дар онҳо бориши кам ба назар мерасад. Моҳи аввали зимистони имсола  гарм ва камбориш сипарӣ гардид, аз ин рӯ дар боғҳо гузаронидани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Ҳамин маъракаи яхобмонӣ дар оянда дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад. Чунин баён дошт доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро беҳтар мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Хуб мешавад, ки дар ин фасл мо якчанд рӯз пайи ҳам обёриро таъмин намоем.

«Агар хоҷагидорон  обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Заминҳои лалмиро бояд шудгор ва  атрофи дарахтонро нарм намоем.  Вақте ки барфу борон меборад, бояд ҳатман заминҳои лалмиро барфпӯш ва онро зер намудан зарур аст»,- изҳор дошт коршинос.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба яхобмонӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки «бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта,  дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд».

Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  мешаванд.

Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Ӯ чунин мешуморад, ки вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Ҳикматулло Назиров илова намуд, ки корҳои   дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 17, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар корҳои иктишофи сейсмикии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин идома доранд
Дар Душанбе намоишгоҳи «TajBUILD-2025» оғоз ёфт
Пешрафти Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025 дар Форуми бонкҳои марказии СҲИ арзёбӣ гардид
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Дар Остона иҷлосияи XXVIII Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ доир гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухми паранда беш аз 19 фоиз зиёд гардидааст
РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Дар Тоҷикистон соҳаи мошинсозӣ дар ҳоли рушд қарор дорад
Ҷамъоварии пахта дар Ёвон бомаром идома дорад
Дар Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон барои парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам аст