Масолеҳи сохтмонии истеҳсолнамудаи корхонаи навбунёди «Моҳир инвест»-и ноҳияи Ёвон ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 — Солҳои босуръати рушди саноат ва ба муносибати 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли равон танҳо дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 10 коргоҳ ва як корхонаи боиқтидори саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон 15 декабри соли равон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест» мавриди истифода қарор дода шуд.
Акнун, дар минтақаи саноатии Ёвон гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) истеҳсол карда мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон мебошад. Хатҳои муосири технологӣ аз Ҷумҳурии Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, рафти кори хатҳои истеҳсолӣ пурра аз ҷониби мутахассисони тоҷик идора мешавад.
Дар корхонаи нави истеҳсолӣ чор намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ истеҳсол мешаванд. Гаҷкартонҳои корхонаи маҳалӣ ба намӣ ва гармӣ тобовар буда, барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи бинои иншооти гуногун истифода мегарданд.
Корхона иқтидор дорад дар як сол 200 ҳазор тонна хокаҳои сохтмонии аълосифат истеҳсол намоянд. Инчунин дар корхона сақфҳои гаҷӣ (армстронг) бо иқтидори 2 миллиону 400 ҳазор дона дар як моҳ истеҳсол мешаванд. Сақфҳои гаҷӣ бо андозаи 60 ба 60 сантиметр омода мешаванд. Ин навъи маҳсулот барои рӯйпуш намудани сақфи биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва маишию хизматрасонӣ бо истифода аз профилу васлакҳои металӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли 10 намуд профилу васлаҳои металлӣ низ амалӣ шудааст. Дар ин хати технологӣ имкон аст, ки дар як моҳ 32 тонна профилу васлакҳои металӣ истеҳсол шаванд. Тамоми номгӯи масолеҳи сохтмонии истеҳсолнамудаи корхонаи навбунёди саноатӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Сифати ҳама намуди маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест» дар озмоишгоҳ санҷида мешавад. Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз дастгоҳҳо сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд






