МегаФон Тоҷикистон тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро нав намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро, ки имкони мустақилона сохтани бастаи хизматрасонии алоқаро фароҳам меорад, нав намуд. Муштариён дар интихоби ҳаҷми дақиқи телеком-хизматрасониҳо озодтар шуда, ин имконият миқдори роҳҳои дастраси ин тарофаро хеле зиёд намуд. Дар баробари ин, миқдори зиёдтарини гигабайтҳои интернет панҷ маротиба афзоиш ёфт. Сохтани тарофаи худ бо ёрии калкулятор дар замимаи мобилии «МегаФон Life» имконпазир аст.
Тарзи сохтани тарофаи махсус хеле осон аст. Бо 50 сомонӣ дар як моҳ муштарӣ бастаи ибтидоии иборат аз зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 Гб интернетро ба даст меорад. Агар дар ин баста чизе камӣ намояд – масалан, дақиқаҳо ё интернети бештар лозим ояд, истифодабаранда опсияҳои заруриро мустақилона илова менамояд. Ин корро метавон тавассути калкулятори замимаи «МегаФон Life» бо гузариш ба «Тарофаи ман» – «Дастрас» – «Биё! Бисоз Life» анҷом дод.
Ҳамин тариқ, агар муштарӣ хоҳиш дошта бошад, ки ба бастаи ибтидоӣ 100 SMS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 Гб интернетро дохил созад, ӯ бояд иловатан 48 сомонии дигар пардохт намояд.
Хоҳишу дархостҳои муштариёнро ба назар гирифта, оператор тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро аз нуқтаи назари миқдори бастаҳои иловагии хизматрасониҳо боз ҳам муносибтару мувофиқтар намуд. Агар қаблан масалан пайвасткунии 50 ё 100 дақиқаи зангҳо ба шабакаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буд, акнун инчунин варианти миёна дар ҳаҷми 75 дақиқа дастрас мебошад.
Интихоби вариантҳои пайвасткунии интернет-трафик то дараҷаи назаррас васеъ шудааст. Қаблан ба бастаи ибтидоӣ аз ҳама зиёд 29 Гб-ро илова намудан мумкин буд, ҳоло иловакунии то 140 Гб трафик имкон дорад. Ҳамагӣ айни ҳол 35 варианти ҳаҷми трафики интернет мавҷуд мебошад, ки онҳо танзимоти тарофаро бо назардошти ниёзу талаботи муштарии мушаххас боз ҳам дақиқ менамоянд.
«Тарофаи навшуда шояд барои истифодабарандагони интернет пешниҳоди беҳтарин бошад: акнун интихоби ҳаҷми трафик бо дақиқияти то якчанд гигабайт имконпазир аст. Илова бар ин, дар доираи «Биё! Бисоз Life» интернет бо миқдоре дастрас аст, ки ҳоло дар ягон тарофаи дигари мо мавҷуд нест. Бо сохтани бастаи хизматрасониҳои худ муштарӣ дар натиҷа худ ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳаи худро барои алоқа муайян менамояд», — изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.
Маълумоти муфассал оид ба тарофаи «Биё! Бисоз Life» –дар сомонаи ширкат.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






