Мутахассисони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар клиникаҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон дар ин соҳа такмили ихтисос менамоянд

Декабрь 23, 2023 10:44

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо мутахассисоне, ки дар клиникаҳои пешрафтаи саратоншиносии давлатҳои хориҷӣ, дар бахшҳои физикаи тиббӣ, терапияи шуоӣ ва ташхис дар доираи татбиқи лоиҳаҳои миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) таҳкими марказҳои саратоншиносӣ (TAD6007) ва рушди хизматрасониҳои ташхисӣ дар марказҳои саратоншиносӣ (TAD6008) таҷрибаомӯзии касбӣ гузаштаанд, мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.

Дар мулоқот муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Матин Ахмедов, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва роҳбари Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов иштирок намуданд.

Айни замон дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд духтуроне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудаанд, ба ҳайси мутахассисони варзида фаъолият доранд. Илова бар ин, аз моҳи ноябри соли 2023 яке аз табибони шуъбаи ташхиси ин марказ дар Маркази саратоншиносии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти ташхиси муосир ва пешгирии бемории саратоншиносӣ дар таҷрибаомӯзии дарозмуҳлат қарор дорад.

Ҳамзамон, мутахассисони ин марказ бо мақсади табодули таҷриба ва расонидани хизмати босифат ба аҳолӣ дар чорабиниҳои мухталифи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки соли 2019 дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд таҷҳизоти замонавӣ барои банақшагирии табобати нурӣ насб гардида, шуъбаи радиологӣ ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои пеш беморон барои табобат гирифтан ба шаҳри Душанбе ё дармонгоҳҳои берун аз мамлакат сафар менамуданд. Акнун таҷҳизоти замонавӣ дар шакли васеъ барои банақшагирии табобати нурӣ истифода бурда мешавад.

Бештари лоиҳаҳои бузурги Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар самти рушд ва пешниҳоди хизматрасонии баландсифат дар марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.

Бо дастгирии доимии ҳамоҳангсози миллӣ — Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои миллӣ оид ба масъалаҳои муҷаҳҳаз гардонидани техника ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳавӣ дар солҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид