Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон бо низоми андозбандии Шоҳигарии Дания шинос шуданд

Декабрь 20, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси кумита Нусратулло Давлатзода тибқи даъватномаи Вазорати андозбандии Шоҳигарии Дания ҷиҳати табодули таҷриба дар Хадамоти андози Шоҳигарии Дания бо низоми андозбандии Шоҳигарии Дания шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи андоз бо роҳбарияти Хадамоти андози Шоҳигарии Дания вохӯриҳои судманд анҷом дода, доир ба низоми андозбандии шахсони ҳуқуқӣ, маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва низоми идораи хавфҳои мақомоти андози Шоҳигарии Дания муҳокимаҳои самаранок анҷом дод.

Натиҷаи вохӯриҳо пурсамар ва муфид арзёбӣ гардида, ба намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки бо таҷрибаи пешқадами маъмурикунонии андози Шоҳигарии Дания аз наздик шинос шаванд.

Хадамоти андози Шоҳигарии Дания яке аз пешсафтарин мақомоти андоз дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар самти маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, низоми идоракунии хавфҳо ва рақамикунонии соҳа ва дастрасии хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон ба дастовардҳои назаррас расидааст.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд