Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд

Декабрь 1, 2023 17:25

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Нахуст, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин озмун ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор гардид.

Дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок намуданд.

Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) Шоева Беназир -хонандаи синфи 10-и гимназияи №74-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 1, Хайруллоев Муҳибулло -хонандаи синфи 11-и МТМУ№14-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 2, Хайруллоева Файзигул-хонандаи синфи- МТМУ №53-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2, Комилбекова Мастибегим -хонандаи синфи 9-и МТМУ№22 -и ноҳияи Шуғнон соҳиби ҷойи 3, Иброгимов Мирбайзо -хонандаи синфи 10-уми Гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи 3, Собиров Исломиддин-хонандаи синфи 9-и гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3  гардиданд.

Дар байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ Саидова Фазилатмо-ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ соҳиби ҷойи 1, Қориева Муяссара-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №54-и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 2, Шарипова Манзура-докторанти Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Ҷононаи Бобохон-омӯзгори Коллеҷи технологӣ — фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи 3, Раҳмиддинзода Таҳминахон-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики  МТМУ №34-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 3, Қодирова Салима-омӯзгори  фанни забон ва адабиёти тоҷики МДТ “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3 гардиданд.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Парвизи Маҳмадамин-корманди ТВ “Варзиш” соҳиби ҷойи 1, Набиев Амриддин — нафақахӯр аз шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 2, Хуҷаёров Убайдулло-корманди радиои “Фарҳанг” соҳиби ҷойи 2, Маҳмадаминов Самандар Қудусович — узви хоҷагии деҳқонии «Абдуқудус»-и ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи 3, Назришоев Сайёд Қобилович-корманди «Саноатсодиротбонк»-и шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи 3, Саидзода Амирхон-корманди осорхонаи ноҳияи  Ховалинг соҳиби ҷойи 3 гардиданд.

Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) Ниёзов Дилшод-донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  соҳиби ҷойи 1, Абдураҳмонова Маҳина  — донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Раҳимова Шоира Нуруллоевна -донишҷӯйи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 2, Худойбердиева Меҳрона Аҳмадҷоновна  — донишҷӯи  курси 1-уми  МДТ “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри  Панҷакент соҳиби ҷойи 3, Ҳоҷиев Фарҳод Носирбоевич — магистранти курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соҳиби ҷойи 3, Оламафрӯзи Илҳомҷон -донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3 гардиданд.

Дар натиҷаи ниҳоӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ Мирдодоев Мирмуҳсин — хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Дар байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ Дӯстова Навраста — омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Ҳасани Назар-сарбози қисми ҳарбӣ аз ноҳияи  Данғара ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Инчунин байни гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр)  Давлатзода Шоира -донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи “Шоҳҷоиза”  эълон гардид.

Ҳамзамон ба ғолибони “Шоҳҷоиза” маблағи 70 000, ба ғолибони ҷойи аввал 50 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 35 000 ва ҷойи сеюм 25 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар баробари ин ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Матлубахон Сатториён ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ Ховар

Декабрь 1, 2023 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»