ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ». Дар Донишгоҳи миллӣ натиҷаи амали онро баррасӣ намуданд

Декабрь 9, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «16 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовардҳо ва дурнамои он» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад. Қонун ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.

Иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат  ҳанӯз соли 2007 ба тасвиб расида, ба ҳамовозии мутлақи ҷомеа рӯ ба рӯ гардид.

Мақсади асосӣ ва ниҳоии ин қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат мебошад. Гузашта аз ин он ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.

Яке аз муҳимтарин маросиме, ки бештар баргузор мегардад ва дар мавриди он суолҳои зиёде дар зеҳни ҳамватанони мо пайдо мешаванд, ин баргузор намудани маросими тӯйи домодию арӯсӣ аст, ки он дар моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дарҷ шудааст.

Мутобиқи қисми якуми моддаи 10, тӯйи домодию арӯсӣ давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад. Яъне агар тарафи арӯс, масалан ба мардум оши наҳор диҳад, пас тарафи домод ҳақ дорад то ба 150 нафар зиёфат бидиҳад.

Инчунин ташкили маъракаҳое, ки дар гузашта хеле роиҷ буданд, ба мисоли фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сарупобинон, чойгаштак, қудоталбону ноншиканон ва дигарҳо танҳо ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила ва бо иштироки то 15 нафар доир мешавад. Падару модарони арӯсу домод ва шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро барои беҳтар намудани шароити хонадорон сарф намоянд. Хушбахтона, ин расм дар мамлакат хеле ҷорӣ мешавад ва онҳо бе оростани маъракаҳои серхарҷ ба хотири ба роҳ мондани зиндагии шоистаи минбаъдаи худ тасмим мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки талаботу меъёрҳои ин қонун, қабл аз ҳама, ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми мамлакат равона гардидаанд.

Пеш аз тӯй ва баргузор намудани маросими бошукуҳ бисёр вақт дар оилаҳо байни зану шавҳарон ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Занону духтарони хонадон барои таҳия ва харидорӣ намудани ҷиҳози барои тӯй зарурӣ  бо марди хона баҳсу мунозира намуда, маблағҳои зиёд талаб менамоянд.

Дар амалӣ намудани танзими расму ойин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарону занон метавонанд, ки  урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин намоянд.  Дар тӯй мавқеи занон хеле калон буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд. Хуб мешуд, ки модарон масъули назорати тӯйи домодию арӯсӣ бошанд.

Зеро баргузор намудани тӯю  дигар маъракаҳои дабдабанок  мояи саодату хушбахтии  навхонадорон- фарзандони онҳо  шуда наметавонад. Баръакс,  чунин харҷҳои беҳуда  метавонанд сабаби  пайдо гардидани  нофаҳмиҳо байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто  сабаби хонавайронии  фарзандони онҳо  гарданд.

Имрӯз зарурат пеш омадаст, ки аз урфу одатҳо, расму ойинҳои шахшуда ва кӯҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти  оиладорӣ даст кашем, оилаи обутобёфтаи солим, намунавӣ, орӣ аз ҳама гуна хулқу атвори нописанд, ҳамқадами замони муосир барпо ва фарзандони солиму солеҳ  тарбия намоем. Чунки зиндагии инсон ҳосили як тасодуф нест, балки оинае аст, ки корҳои шахсро инъикос менамояд.

Дар ҳақиқат бо амалӣ гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мардум тадриҷан аз  анъанаҳои зараровар даст кашида, сарфаву сариштакориро омӯхтанд. Онҳо  баъд аз гузаронидани маъракаҳои камхарҷ  ва беҳтар гардидани вазъи молиявии рӯзгорашон ба хубӣ дарк намуданд,  ки  солҳои дароз  аз ноогоҳӣ ба исрофкориҳои зиёд роҳ додаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд