Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи коркарди пахтаро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 15, 2023 08:56

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ифтихори Ватан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд.

Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 коргару мутахассиси маҳаллӣ коркард намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти хати технологӣ, иқдоми соҳибкори ватанӣ Анвар Раҳмоновро ҷиҳати таъсиси чунин иншооти калони саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд.

Масоҳати умумии замини корхонаи «Ифтихори Ватан» дар ноҳияи Кӯшониён 1 гектарро ташкил дода, дар он мувофиқи лоиҳа, бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадонаи пахта, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва дар доираи он барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд қадамҳои устувору самарабахш гузошта мешавад.

Корхона дар марҳилаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.

Дар ҳаминҷо ба Роҳбари давлат номгӯи гуногуни тухмиҳои аълосифати зироати ғалладонагӣ, картошка, пахта ва молу маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Кӯшониён муаррифӣ гардид.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Кӯшониён 15.12.2023

Декабрь 15, 2023 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад