Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш Мактаб-интернатро ба истифода дода, бо лоиҳаи бинои касбомӯзӣ шинос шуданд

Декабрь 15, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Мактаб-интернат аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосӣ дорои 8 кабинети фаннӣ, аз қабили биология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, ҳуҷраи равоншиносӣ, китобхонаи муосир, ҳуҷраҳои кории маъмурият, омӯзгорону мураббиён, 8 тахтаи электронӣ ва синфхонаи ибтидоӣ мебошад.

Синфхонаҳои мактаб-интернат бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ ва аёнияти дарсӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар китобхонаи мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо истифода аз шароити фароҳамшуда ба омӯзиши бештари илмҳои муосиру дақиқ, касбу ҳунар, аз худ намудани технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Тибқи иттилоъ, ҳоло дар муассиса 285 нафар кӯдаки ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд.

Тамоми биноҳои мактаб-интернат бо низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст мебошанд.

Бунгоҳи тиббии муассиса дорои таҷҳизоти нав барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ мебошад.

Хобгоҳи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахш аз се ошёна иборат буда, бо шароити муосир барои 350 кат бо нуқтаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ сохта шудааст.

Дар ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Толори маҷлис, ки дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад.

Масоҳати умумии иншоот чор гектарро дар бар гирифта, бо тарҳи муосир ва бо истифода аз унсури шаҳрсозии миллӣ бунёд шудааст.

Саҳни муассисаро бештар аз 800 дарахти ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ шинонида шудаанд.

Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Вахш дорои ошхонаи замонавӣ буда, дар он таом ва хӯришҳои гуногун омода мешаванд.

Дар идома ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди биноҳои касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт барои ятимону бепарасторони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Вахш муаррифӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Маҷмааи иншооти сохташавандаи касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт ду гектар заминро ташкил дода, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мешавад.

Бо бунёди бинои 4-ошёнаи касбомӯзӣ ва иншооти дигари замонавӣ барои рушди зеҳнию ҷисмонии тарбиятгирандагон шароити беҳтару муосир фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 285 нафар кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмуи либоси зимистона, шиму костюм, болопӯш, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ширинӣ, кумаки молии яквақтаина ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд.

Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ифтитоҳи Мактаб-интернат ва муаррифии лоиҳаи бинои касбомузӣ дар ноҳияи Вахш 15.12.2023

Декабрь 15, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд