Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти тозабунёд аз 13 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, якчанд марказҳои тиббию тандурустии ҷумҳуриявӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори вазорат, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир шудаанд.
Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.
Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои тозабунёди маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни таълими як зумра табибони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, тариқи онлайн шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимию созанда доир намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибони ҷавони мамлакатро, ки дар хориҷ донишу таҷриба меомӯзанд, даъват намуданд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода бурда, илмҳои муосирро омӯзанд ва ба Ватан баргашта, бар нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Дар маркази номбурда ҳамзамон бахши рақамикунонӣ, толори телетиб, толори машварат ва дигар бахшҳо ҷой дода шудааст ва барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар ин марказ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ муҳайё шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии вазорат зимни баргузории амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибони минтақаҳои гуногуни мамлакат тавсияву машваратҳои онлайнӣ медиҳанд.
Зимни шиносоӣ бо иншооти навбунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурӣ ошхона бо 200 ҷой, маҷлисгоҳ барои 400 нафар, толори варзиш, китобхона, бойгонии вазорат, толорҳои барҳавою замонавии баргузории мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои соҳавӣ ва дигар макони маишиву фароғатӣ барои кормандон мавҷуд мебошанд.
Бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонии он маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода гардидааст.
Фармоишгари бунёди иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тибқи лоиҳаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” бунёд гардидааст.
Пудратчиёни асосии бунёди иншоот ширкатҳои ватании сохтмонии ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Фаввора”, “Самар СН” ва “Инкишоф Сохтмон” мебошад.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот аз 450 то 650 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат коргарону масъулони ин бахши пешрафтаи ҷомеаро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.
Дар навбати худ кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро иброз доштанд.









Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд






