«Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд

Декабрь 12, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 16 декабр ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе зиёд менамояд. Ҳамин тариқ, парвозҳо дар ин хатсайр ҳар рӯз амалӣ мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Ин тадбир бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқолот тавассути ҳавопаймоҳо гирифта мешавад.

Ин иқдом бесобиқа набуда, ҳамасола дар мавсими сармо амалӣ гардонида мешавад. Ҳар зимистон ширкат байни Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро зиёд менамояд, то шаҳрвандон тавонанд сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъйинотӣ бирасанд. Парвозҳо аз пойтахт ба Хуҷанд ва баргашт дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд.

Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат мебошад.

 АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Декабрь 12, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд