Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон масъалаи омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон баррасӣ шуд

Декабрь 1, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вазъи  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ доир гардид.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои ин қарор тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Аъзои гурӯҳ ҷараёни иҷрои қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захираи маводи сӯхт, маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд