Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва парвариши лочин тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубай масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самтҳои тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Фолеҳ бин Носир баррасӣ гардиданд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшавандаро муҳокима намуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, анҷоми муваффақонаи Конфронси оби СММ-ро, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд доир гардида буд, таъкид намуд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






