Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноату энергетика баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ, саноату нақлиёт, интиқоли борҳои транзитӣ, сармоягузорӣ ва саноату энергетика дар вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Ҷаббаров баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ байни ҷонибҳо дар мавриди рушди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин коркарди абзорҳои нави рушди равобити дуҷониба бо истифода аз фазои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда табодули афкор шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






